Вохӯрӣ бо Вазири маориф ва омӯзиши олии Давлати Қатар

 

17 сентябри соли 2019 дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири маориф ва омӯзиши олии ин кишвар доктор Муҳаммад ал-Ҳамодӣ баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо аҳаммияти тавсеаи ҳамкории байни муассисаҳои омӯзиши олӣ, фаъолсозии табодули донишҷӯён ва давраҳои таҷрибаомӯзӣ ва инчунин танзими сафарҳои мутақобилаи доираҳои академикии ду кишварро таъкид намуданд.

Вазорати маориф ва омӯзиши олии Давлати Қатар барои ҷудо намудани бурсияҳо барои омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии ин кишвар изҳори омодагӣ кард.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad