Вохӯрӣ бо Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар

 

22 сентябри 2019 дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои татбиқи амалии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Давҳа ба имзо расидааст,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо атрофи таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имконияти танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатар табодули назар карданд.