Мулоқот бо Котиби кулли Вазорати корҳои хориҷии Қатар

 

23 сентябри соли 2019 дар шаҳри Давҳа  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Котиби кулли Вазорати корҳои хориҷии Қатар доктор Аҳмад ал-Ҳаммодӣ мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо раванди татбиқи натиҷаҳои вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи масъалаҳои марбут ба тавсеа ва таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Қатар таъйин шуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad