Мулоқот бо шаҳрдори Берни Конфедератсияи Швейтсария Алек фон Граффенрид

 

5 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили густариш ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин шаҳри таърихии Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи самимии шаҳрдорӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Таъкид гардид, ки айни замон Душанбе — пойтахти Тоҷикистон бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бародаршаҳр мебошад.

Бинобар ин изҳори итминон карда шуд, ки барқарории робитаҳои бародаршаҳрии Берн бо пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷиҳати густариши робитаҳои дӯстонаи ду халқ ва тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ, илмӣ, зиёиён, ҷавонони ду кишвар, ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимии шаҳри Берн ва шаҳри Душанбе, мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad