Иштироки донишомӯзони ҷавони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии илмӣ дар Қатар

 

 

3 декабри соли 2019 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар даври 16-уми олимпиадаи байналмилалии илмӣ барои наврасон оғоз шуд, ки дар он кишвари моро 6 нафар донишомӯзон аз «Литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе», “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” ва «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» — Шамс Давлатбеков, Муҳаммад Баротов, Рухшона Одинаева, Назира Акрамзода, Сарвиноз Рауфова ва Олимҷон Исроилов таҳти раҳбарии омӯзгорони ҷавон Далербек Ҳайдаров ва Искандар Ғаюров намояндагӣ мекунанд.
Дар олимпиада 409 хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 70 кишвари ҷаҳон дар фанҳои химия, биология ва физика сабқати илмӣ хоҳанд кард. Олимпиада дар се давра то 12 декабри соли 2019 идома мекунад.
Ба донишомӯзони ҷавон ва олимони ояндаи кишвари азизамон комёбиҳо орзумандем.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad