Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сарвазири Қатар

 

13 январи 2020 дар Давҳа Сарвазир, Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт.

Сафир даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Сарвазири Қатар барои иштирок дар Дувумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мешавад, тақдим намуд. Сарвазири Қатар бо изҳори сипос даъватномаро пазируфт ва аҳаммияти Конфронси Душанберо дар ҷиҳати пешбурд ва татбиқи муштараки Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди робитаҳои дуҷониба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дар дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad