Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар

 

26 январи 2020 дар Давҳа даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар Султон ал-Мурайхӣ баргузор гардид.

Ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд. Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad