Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони бурунмарзӣ! Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

 

 

Бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №АП-1335 аз 5 феврали соли 2020 ба мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегардад.
Аз ҳамватанони бурунмарзӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намоянд.

Маълумотро оид ба Низомномаи озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» метавонед дар сомонаи зерин дастрас намоед:

http://president.tj/node/22432

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмуни мазкур ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар муроҷиат намоянд:

Тел. +974 44123906
Почтаи электронӣ: tajemqatar@mfa.tj

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad