Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон

 

29 феврали 2020 дар Давҳа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок намуд.

Дар маросими баимзорасонии Созишномаи сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Россия, Қазоқистон ва Япония оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.

Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон А.Комилов ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов сурат гирифтанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad