Брифинг дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав

 

13 марти 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав (COVID-19) брифинг баргузор гардид.

Дар суханронии худ Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон М. Камолзода дар бораи чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ва талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маълумот дод.

Ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Г. Перфилева дар бораи шуюи вируси мазкур дар ҷаҳон ва риояи талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои Созмони мазкур иттилоъ пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки шаҳрвандоне, ки дар давоми 13 рӯзи ахир дар Чин, Ҷумҳурии Корея, Италия, Эрон, Афғонистон ва Япония қарор доштанд ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар поёни брифинг намояндагони корпуси дипломатӣ аз масъулони ниҳодҳои кишвар ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad