Ворид гардидани тағйирот ба Тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ

 

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ба мақсади соддагардонии раванди гузариши воситаҳои нақлиёти боркаш аз гузаргоҳҳои cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Тартиби муваққатӣ оид ба  танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид шуданд.

Тибқи тағйироти қабулшуда, дар сурати будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи манфии тести коронавирус, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор содир шудааст, ба ронандагони воситаҳои нақлиёти хориҷӣ вуруд то нуқтаи таъйинотӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муҳлати то панҷ шабонарӯз иҷозат дода мешавад.

Ҳамчунин воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи борҳои башардӯстона дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз пардохти хидматрасониҳои терминалӣ озод шудаанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad