Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони гиромӣ!
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки барои раъйдиҳии ҳамватанони муқими Давлати Қатар Комиссияи участкавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, воқеъ дар суроғаи Doha, Al Dafna, zone 24, Ibn Zaidoun str.810, Bld.84, ташкил шудааст.
Аз шумо ва аъзои оилаатон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, даъват менамоем дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзед.
Раванди овоздиҳӣ рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар сурат мегирад.
Лутфан шиносномаҳои худро ба ҳамроҳ дошта бошед.
Ҳамзамон, хоҳишмандем тартибу талаботи ҷоринамудаи кишвари иқоматро дар робита ба пешгирии COVID-19 риоя намоед.
Бо эҳтиром,
Комиссияи участкавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
Тел.: (+974) 4412 3906
Факс: (+974) 4498 4694
E-mail: tajemqatar@mfa.tj

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad