Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

7 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлати мо бо ибрози беҳтарин ва самимитарин таманниёт Президенти Россияро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.

Сарони ду давлат муколамаро оид ба роҳҳои рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Россия идома доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad