Дидор бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар

Рӯзи 9 ноябри соли 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода дар дидор бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхӣ паёми хаттии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ перомуни густаришу тақвияти робитаҳои дуҷониба тақдим намуд.
Дар рафти мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар рафти татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда миёни роҳбарони олии ду кишвар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд анҷом доданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad