Мулоқот бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба мубориза алайҳи терроризм (UNOCT)

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода рӯзи 15 марти соли 2021 роҳбари Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм (UNOCT) д-р Айнабат Атаеваро, ки батозагӣ ба ин мақом таъйин шудааст ва дар шаҳри Давҳа фаъолият мекунад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни сӯҳбат д-р Айнабат Атаева перомуни ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии дафтари мазкур дар Давҳа маълумот дод ва дар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои пурсамари ниҳодҳои зирабти СММ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ алоқамандӣ изҳор намуд.
Ҷонибҳо дар робита ба роҳҳои татбиқи амалии баёнияҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3-4 майи соли 2018) ва Конфронси сатҳи баланд оид ба “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” (Душанбе, 16-17 майи соли 2019) табодули назари судманд анҷом доданд. Дар ин росто бар аҳамияти табодули таҷриба ва танзими нишастҳои коршиносон дар соҳаи тавонбахшии афроди бозгашта аз кишварҳои ҷангзада ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ таъкид гардид.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad