Вохӯрӣ бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар
30 марти 2021 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Давҳа таъкид карданд.
Дар охири мулоқот Вазир ба роҳбари ҳайати қатарӣ барои иштироки Давлати Қатар дар Конфронси мазкур ба ҳайси меҳмон сипосгузорӣ кард.