Вохӯрӣ бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар

30 марти 2021 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Давҳа таъкид карданд.

Дар охири мулоқот Вазир ба роҳбари ҳайати қатарӣ барои иштироки Давлати Қатар дар Конфронси мазкур ба ҳайси меҳмон сипосгузорӣ  кард.

 

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad