Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич,

Хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо — Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фаромед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad