Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ғарқи киштии зериобии Қувваҳои низомии баҳрии  Ҷумҳурии Индонезия дар баҳри Балӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар натиҷаи он моро андӯҳгин намуд.

Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad