Мулоқоти Сафир дар Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар
Рӯзи 5 майи соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Холид Иброҳим ал-Ҳамар мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаи ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо атрофи рӯзномаҳои нишасти навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва машваратҳои сиёсии ду кишвар, ки баргузории онҳо дар соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, табодули назар карданд.
Ҷониби қатарӣ аз талошҳои доимӣ ва иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷиҳати таъмини амнияту суботи минтақа ва ҳалли муноқишаҳои сарҳадӣ ситоиш кард ва омодагии кишварашро барои тавсеаи ҳамкориҳои судманди Қатару Тоҷикистон таъкид намуд.






