Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Дар ин робита, Президентҳо вазъияти ташвишоварро, ки имрӯз дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии он ҷараён дошта, периметри хати сарҳади давлатии ду кишвар бо ин мамлакат дар онҳо мегузарад, муҳокима карданд.

Пешвои миллат Президенти Ӯзбекистонро оид ба далелҳои нави убури маҷбурии хати сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҳайати низомии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон воқиф намуданд.

Дар ин замина, вазъ дар хати сарҳад бо ин кишвар хеле пуршиддат арзёбӣ карда шуд.

Омодагии ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкории мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар бахши таъмини амният, бахусус дар таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тасдиқ гардид.

Зимни суҳбат инчунин баъзе масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad