Мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар

Рӯзи 18 ноябри соли 2021 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо фаъолиятҳои саноатӣ ва тиҷоратии Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар шинос шуданд.

Зимни суҳбат бо раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ҷаноби Абдуллоҳ ал-Сулайтин масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ гардиданд. Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мазкур, бахусус воридоти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, изҳори алоқамандӣ намуд.

Атрофи пайдо намудани роҳҳои мусоиди нақлиётӣ барои содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қатар ва механизмҳои роҳандозии ҳамкории васеи тиҷоратӣ байни Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ва доираҳои саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон табодули назари судманд сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad