ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПЕШГОМИ ЭҲЁИ ОН

 

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мардуми тоҷик дар дохил ва хориҷи мамлакат хизматҳои шоёне анҷом додааст. Зери роҳбарии ҳакимона ва талошҳои пайгиронааш сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди босуръат ва истиқрори кишвар таҳким ёфтанд.
Ноил шудан ба истиқлол ҳадафи сирф миллӣ буд, ки арзиши баланд ва сарчашмаи бебаҳо барои рушди ҳама ҷабҳаҳои зиндагии миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Ба шарофати ин дастоварди муҳими таърихӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар тули ин сӣ сол ба комёбиҳои беназире ноил шуд, ки ба ин монанд дар таърих мушоҳида нашудаанд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон бар асари омилҳои беруна дар моҳи майи соли 1992 сар зад. Барои хотимаи он нақши Президент, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Ӯ аз соли 1994 давраҳои музокиротро раҳбарӣ мекард, ки яке аз дастоварди бузурги он ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 буд. Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барпо гардид, тамоми мақомоти ҳокимият барқарор шуд, сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар таъминанд, сулҳи Тоҷикистон барои тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба намунаи беназир табдил ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати миллии тоҷикон, бунёди миллати соҳибихтиёр, давлати ягонаи демократӣ бар пояҳои ҳуқуқ, ки ҳадафи он бунёди ҷомеаи муттаҳид аст, дар давраи муосир нақши илҳомбахш ва фаъол дошт.
Дар як мусоҳибае, ки ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи соли равон доштам, вай тасдиқ кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият муваффақияти бузурги худро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд собит кардааст. Ҷаноби Олӣ гуфт, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, иҷтимоӣ, сиёсӣ, илм ва фарҳанг ба пешрафтҳои бузург ноил шудааст. Таҳаввулоти беҳамто ва тақдирсоз, ки солҳои охир дар ҳамаи ин самтҳо ба амал омадаанд, барои кушодани уфуқҳои нав дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллӣ ва Истиқлоли Тоҷикистон заминаи воқеӣ ва боэътимод гузоштанд.
Бешубҳа, дастовардҳои зиёде мавҷуданд, ки Тоҷикистон дар тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст овардааст. Ин дастовардҳо дар саҳифаҳои таърихи бузурги халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, барои таҳкими фарҳанг, тамаддун, забон ва дигар арзишҳои миллӣ хизмат хоҳанд кард.

РУШДИ ДОХИЛИИ МИЛЛӢ
Имсол мардуми тоҷик 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузург дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дастовардҳои дохилӣ ва рушди ҳамашумул, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, таҷлил карданд. Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, барномаҳои мушаххасеро таҳия намудааст, ки татбиқи онҳо боиси пешрафти минбаъда хоҳанд шуд. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дарҷ гардидаанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ташаккули «иқтисоди сабз» ва рушди имконоти транзитӣ, коҳиши муҳоҷирати кориву таъсиси ҷойҳои нави кор дар дохили кишвар аҳамияти калон медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон пайваста таҳти роҳбарии оқилонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба рушди боустувор дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Пас аз Истиқлоли давлатӣ кишвар таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои рушд ба дастовардҳои зиёде ноил шуд, аз ҷумла:
— таъмини амнияти озуқаворӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ;
— таъсиси Артиши миллӣ ва қавии Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва назорати тамоми сарҳадҳои давлатӣ;
— сохтмони неругоҳҳо, аз ҷумла НБО «Роғун» ва даҳҳо неругоҳҳои барқи дигар;
— сохтмони нақбҳо, пулҳо, роҳҳои асосии автомобилгард ва роҳи оҳан, ки Тоҷикистонро аз ҷиҳати сифати роҳ ба яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон табдил медиҳанд;
— маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои истиқлолият 50 маротиба афзуд;
— даромад 97 дарсад зиёд шуд. Инчунин, дар тули солҳои истиқлол 96 маротиба зиёд шудани буҷети давлатӣ;
— ҳаҷми тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ нисбат ба соли 1991-ум 35 маротиба афзуд;
— шумораи муассисаҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 ба 2500 адад расид;
— таъсиси тақрибан 6000 хоҷагӣ ва 162000 хоҷагиҳои ёрирасони хусусӣ, ки зиёда аз 90% маҳсулоти кишоварзиро дар Тоҷикистон истеҳсол мекунанд ва ғайра.

ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Аз дастовардҳои барҷастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи байналмилалӣ мақоми баландро ишғол кардани Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ, узви қариб 60 созмони байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ буда, бо 179 кишвар равобити дипломатӣ ва сиёсӣ барқарор кардааст. Тоҷикистон, инчунин, бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон бар асоси сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» дар ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳон нақши муҳим дорад. Ташаббусҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба миён гузоштааст, ин масъалаҳои амният, об, муҳити зист, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об буда, ҳамчун унсури беҳамтои татбиқи сиёсати хориҷии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Борҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим пешниҳодҳои мушаххаси Эмомалӣ Раҳмон садо додаанд. Ҷаноби Олӣ ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Иттиҳоди глобалии об ва иқлим дар нахустин нишасти сатҳи баланд пешниҳод карданд, ки соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.
Пешвои миллат дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябр гуфта буд, ки таъсиси Сандуқи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид як қадами дигарест, ки метавонад барои таҳқиқоти ҳамаҷониба ва ҳалли муассири мушкилоти глобалӣ замина фароҳам орад. Вай афзуд, ки Тоҷикистон тавассути саҳми худ дар фаъолсозии кор дар чаҳорчӯби масъалаҳои об ва иқлим дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ ва муаррифии қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари пешрав ва ташаббускор эътироф шудааст.
Тоҷикистон аз таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳамаҷониба пайваста бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои фаъолсозии ташаббусҳои муштарак ҳамкорӣ мекунад. Ба гуфтаи Президент Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои сулҳи Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ мекунад ва саъй хоҳад кард, то дар барқарор ва нигоҳ доштани сулҳу субот дар минтақаҳои низоъ саҳм гузорад.

 

Аҳмад Муҳаммад ал-БАЙЮМӢ,
рӯзноманигор, Қатар

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad