Вохӯрӣ бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар

 

Рӯзи 29 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар Шайх Фолеҳ бин Носир Оли Сонӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат роҳҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои муҳити зист, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва табодули таҷриба ва маълумот оид ба татбиқи стратегияҳои миллии ду кишвар дар ин арса ва инчунин ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалии ҳамдигар, ки ба татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди устувор-2030 мусоидат менамоянд, баррасӣ шуданд.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи Рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, инчунин моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” табодули назари судманд анҷом доданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad