Мулоқоти корӣ бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар

 

24 марти соли 2022 дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар Шайх доктор Фолеҳ бин Носир Оли Сонӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои омодагӣ ба танзими Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни 2022) ва ҳадафҳои ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ, ки дар татбиқи амалии “Рӯзномаи 2030” саҳми назаррас хоҳад гузошт, табодули назар карданд.

Ҷониби қатарӣ ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар соҳаҳои об ва тағйирёбии иқлим ва натиҷаҳои анҷуманҳои байналмилалие, ки вобаста ба ин масоили мубрами рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буданд, баланд арзёбӣ кард. Шайх доктор Фолеҳ бин Носир Оли Сонӣ аз гирифтани даъватномаи расмӣ барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе изҳори сипос кард ва омодагии кишварашро барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон дар ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба масоили обу тағйирёбии иқлим таъкид намуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad