Мулоқот дар Вазорати корҳои дохилии Қатар

23 майи соли 2022 вохӯрии Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода бо Муовини вазири корҳои дохилӣ- мудири кулли амнияти ҷамъиятии Давлати Қатар Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қатар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ карданд.

Бо дарназардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, табодули назар атрофи роҳҳои муборизаи самараноку муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ сурат гирифт.

Ҳайати кишварамон таҳти роҳбарии Муовини вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амният “Милипол Қатар-2022”, ки рӯзҳои 24-26 майи соли равон дар Давҳа баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоту технологияҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи тартибот ва инчунин иштирок дар ҷаласаҳои тахассусӣ дар назар аст.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad