Табрикот ба муносибати таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарафёбем ба кулли ҳамватанони гиромӣ, ки дар Давлати Қатар қарор доранд, самимонатарин табрикотро ба муносибати таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намоем.

Имрӯз барои ҳар як фарди ватандӯст ва огаҳ аз ҳаводису воқеиятҳои роҳи пурнишебу пурфарозе, ки ниёконамон дар тули ҳазорсолаҳои таърих бо ҷонфидоиҳо ва сарбаландӣ пай намуданд, бағоят равшан аст, ки ба шарофати иттиҳоду сарҷамъии мардум ва талошҳои хастанопазири Раҳбари фарзонаи кишвари азизамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу ҷисми миллати мо комилу шикастнопазир шуданд. Дар партави тақвияти ғояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва худшиносию озодӣ фазои сулҳу оромӣ дар сарзамини биҳиштосо ва рӯзгори мардуми ҳумоюни Тоҷикистон таъмин аст ва барои насли имрӯзу фардо зарфиятҳои беназир дар ҷиҳати расидан ба пирӯзиҳои нав дар ҳамаи заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам гардидаанд.

Дар ин рӯзи саодатбахш ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, хушнудӣ, рӯзгори обод, комёбиҳо ва ба мардуми Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзумандем.

Бо камоли эҳтиром,

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Давлати Қатар

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad