Мулоқот бо Ректори Донишкадаи дипломатии Қатар

 

17 январи соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Ректори Донишкадаи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар д-р Абдулазиз Муҳаммад Юсуф ал-Ҳур баргузор шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар дар самти омӯзиш ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимиро дар ин соҳа баррасӣ намуданд.

Перомуни дигар мавзӯҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad