Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СММ дар Давҳа

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар кори Конфронси панҷуми Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои камтараққикарда (LDC5), ки 5 март дар шаҳри Давҳа оғоз шуд ва то 9 марти соли 2023 идома меёбад, ширкат меварзад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конфронси мазкур ба ҳайси кишвари ташаббускор дар ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои глобалӣ ва татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди устувор-2030 даъват шудааст.

Ширкаткунандагони конфронси мазкур масъалаҳои сармоягузорӣ ба инсон ва рушди пойдор, рафъи камбизоатӣ, эҷоди зарфиятҳо, баҳрагирӣ аз нерӯи илм, истифодаи технологияҳои нав, навовариҳо, тавсеаи савдои байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ва дигар мавзӯҳои марбут ба ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилиҳои кишварҳои камтараққикардаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар поёни конфронс Барномаи иқдоми Давҳа барои даҳсолаи 2022-2031, ки ба ҳамкории дастаҷамъона ва саъю талошҳои муштараки байналмилалӣ барои рушди кишварҳои камтараққикарда равона шудааст, эълом ва қабул карда мешавад.

Дар ҳошияи сафари кории ҳайати кишварамон ба Давҳа вохӯриҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо роҳбарони сохторҳои молиявӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва роҳбарони ширкатҳои бузурги қатарӣ пешбинӣ шудааст.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad