Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Созмони сармоягузории Қатар

6 марти соли 2023 дар Давҳа мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузории Қатар (Qatar Investment Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд баргузор шуд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қатарро дар соҳаи сармоягузорӣ баррасӣ намуда, дар ин замина атрофи роҳҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad