Мулоқоти Завқӣ Завқизода бо Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ

6 марти соли 2023 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ ва муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои тавсеи робитаҳо дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ ва роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ ба Қатар баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин раиси иҷроияи Бонки байналмилалии исломии Қатар доктор Абдулбосит Ал-Шибӣ ҳузур дошт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad