Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Қатар

Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Қатар

21 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳа бо ҳузури ҳамватанон ва шаҳрвандони кишварҳои ҳамзабону ҳавзаи Наврӯзӣ маҳфили идона бо зиёфати расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуд.

Гиромидошти парчаму суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамошои дастаҷамъонаи Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли ҳамватанон ва мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзӣ ба таҷлили пуршукӯҳи ин ҷашни бостонӣ ва оламшумул ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин росто Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода дар суханронии худ нақши мондагор ва ибтикорҳои таърихии Пешвои миллатро дар раванди ҷаҳонишавии Наврӯз ва эҳёи дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон, ки арзишҳои волои инсондӯстӣ, сулҳофарӣ, созандагӣ ва ҳамзистии фарҳангу адёни мухталифро тарғибу таҷассум мекунанд, таъкид намуд.

Ҳамватанон ва меҳмонони базми ҷамшедӣ фаро расидани соли нави аҷдодӣ ва оғози баҳорро бо орзӯҳои сабзи наврӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақсу шодӣ дар ҳавои сурудҳои рӯҳангезу дилнишини тоҷикӣ, ороиши суфраи идона ва баргузории дигар суннатҳои Наврӯзӣ ҷашн гирифтанд.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad