Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар баргузор гардид.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар баргузор гардид.

5-уми майи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири Давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурейхӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Хамад ал-Сонӣ муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи баланд баромадаанд.

Дар вохӯрӣ бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф карда шуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Давлати Қатар лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ татбиқ гарданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad