Вохӯрӣ бо Директори иҷроияи Бунёди Қатар барои рушд (Qatar Fund for Development)
Рӯзи 26 июни соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Директори иҷроияи Бунёди Қатар барои рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои марбут ба таъмини рушди устувор ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои дорои аҳаммияти миллию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ба таҳкими зарфиятҳои “иқтисоду энергияи сабз” равона шудаанд, табодули назар сурат гирифт.