Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ҷалби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатарро Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар танзим менамояд.

Тибқи Созишномаи мазкур таъмин намудани қувваи кории Тоҷикистон Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар дархости корфармоёни Давлати Қатарро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш менамояд, ки ин дархостҳоро вобаста ба имконият ва захираҳои мавҷуда таъмин намояд.

Давлати Қатар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрас намудани раводиди корӣ тартиби зеринро пешбини намудааст.

-дарёфт намудани шартномаи корӣ аз ширкатҳо ва меҳмонхонаҳое ки дар Давлати Қатар ба тавари расмӣ кору фаъолият менамояд.

-гирифтани раводид аз ширкатҳое, ки Давлати Қатар ба онҳо иҷозати расмӣ додааст, ки дар хориҷ аз Давлати Қатар барои ҷалби қувваи корӣ машғул шаванд.

Пас аз дарёфти шартномаи меҳнатӣ тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар, Корфармо тамоми хароҷоти сафари коргаронро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои кории онҳо дар Давлати Қатар ҳангоми бори аввал ба кор шуруъ намуданашон ва хароҷоти сафари бозгашти онҳоро аз Давлати Катар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба охир расидани шартномаи меҳнатии онҳо ба зимма мегирад. Инчунин корфармо арзиши чиптаи рафту омади коргарро ҳангоми сафари рухсатиаш, ки дар шартнома зикр шудааст, пардохт менамояд. Ба ин хароҷот пардохти гирифтани шиноснома ё пардохти дигар амонатҳо дохил намешаванд.

Агар қарордодҳои меҳнатӣ дар Давҳа ба имзо расонида шаванд, онҳо дар Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ва дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа тасдиқ карда мешаванд. Шартномаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида мешаванд, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорат ё Консулгарии Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ҳамзамон Корфармо дар ду ҳолати зерин аз пардохти хароҷоти сафари бозгашти коргар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешавад:

— дар ҳолати худсарона тарки кор намудани коргар пеш аз ба охир расидани мухлати шартномаи меҳнатӣ;

-дар ҳолати содир намудани ҳуқуқвайронкуние, ки ўро аз пардохти мукофотпулии охири хизматӣ тибқи Қонуни меҳнати Давлати Қатар маҳрум менамояд

Дар холати ба миён омадани ихтилоф миёни корфармо ва коргар, дар асоси шартнома баҳсҳо дар Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҳаллу фасл карда мешаванд. Агар тасмими сулҳомез ба даст наояд, ихтилоф барои ҳал ба мақомоти судии салоҳиятноки Давлати Қатар супорида мешавад.

Шартномаи меҳнатӣ дар санаи муқарраршуда бе огоҳии пешакӣ қатъ мегардад. Дар ҳолате, ки агар корфармо хоҳиши тамдид намудани шартномаро дошта бошад, у коргарро ба таври хаттӣ барои тамдиди шартнома на камтар аз сй рузи пеш аз ба охир расидани муҳлати он огох менамояд.

Тибқи қонунгузории Давлати Қатар дарёфти раводиди меҳнатии Давлати Қатар барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои зеринро пешбини намудааст:

  • бастани шартномаи меҳнатӣ бо ширкатҳои расмии Давлати Қатар
  • довталаб бояд аз сини қонунӣ барои кор дар Давлати Қатар гузашта бошад (сину соли кор дар Қатар аз 18 сола бол)
  • гузаштан аз муоинаи тиббӣ
  • пешниҳод намудани ҳуҷатҳои зарурӣ (шиноснома, диплом, атестатсия ва ғ)
  • ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ширкати корфармо талаб мекунанд пешниҳод намояд.
  • Надоштани доғи судӣ

Қобили зикраст, ки дар Давлати Қатар якчанд намуди раводиди меҳнатӣ вуҷуд дорад аз ҷумла:

  • Раводиди меҳнатӣ барои кормандон: чунин раводид ба кормандоне, ки дар ширкатҳо кор мекунанд дода мешавад ва он барои ду сол эътибор дорад пас аз анҷоми муҳлат метавон онро тамдид кард.
  • Раводиди меҳнатӣ барои коргарони хона (ронанда ва хидматгорон): чунин раводид барои як сол дода мешавад ва қобили тамдид мебошад.
  • Раводиди меҳнатӣ барои сармоягузорон: он барои соҳиби ширкатҳо ва тоҷироне, ки мехоҳанд дар Давлати Қатар сармоягузорӣ кунанд дода мешавад чунин раводид барои се сол дода мешавад ва қобили тамдид мебошад.
  • Раводиди меҳнатӣ барои таҷрибаомӯзон: он барои донишҷӯён ё таҷрибаомӯзоне, ки мехоҳанд малакаи нав омӯзанд ва ё дар ширкатҳои қатарӣ кор кунанд дода мешавад. Чунин раводид ба муҳлати як сол дода мешвад ва қобили тамдид намебошад.

Пас аз дастрас намудани раводиди меҳнатӣ шартномаи меҳнатӣ бояд аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар тасдиқ ва дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гирифта шавад.

Бояд қайд кард, ки намудҳои раводид метавонанд аз ҷониби мақомоти Давлати Қатар тағйир дода шавад ва барои гирифтани маълумоти бештар ба торнамои Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар муроҷиат кунед (https://portal.moi.gov.qa)

Торномаҳои корёбӣ дар Давлати Қатар:

Qatarliving.com

JobsinQatar.org

Bayt.com

Qa.indeed.com

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad