ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТИ ҚАТАР БА ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25 декабри соли 2023 ҳайати намояндагони Вазорати фарҳанги давлати Қатар бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар аз ҷумла ҳамоҳангсозии ташкил намудани ҳафтаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дода, менависад, ки ҳайати меҳмононро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба ҳузур пазируфта, оид ба рушди ҳамкориҳо ва таҳкими равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот Шарифзода Манучеҳр вобаста ба фаъолияти вазорат ва ҳамкориҳои он бо муассисаҳои фарҳангии давлатҳои дӯсту бародар ибрози андеша намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳангии Давлати Қатарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлати Қатар барои ҳар ду кишвар иқдоми хубу мутақобилан судманд арзёбӣ намудаст.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad