Мулоқот бо фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар

27 декабри соли 2023 дар шаҳри Давҳа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар дар амри мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ барои ҳалли низоъҳо ҷаноби Файсал бин Абдуллоҳ ал-Ҳинзоб мулоқот намуд.

Сафири Тоҷикистон ҷаноби Файсал ал-Ҳинзобро ба муносибати таъйинаш ба ин мақоми баланд табрик гуфта омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории самаранок дар ҷиҳати мубориза бар зидди чолишҳои замони муосир иброз намуд.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи мавзӯҳои мубрами таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳҳои татбиқи минбаъдаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” табодули назар карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad