Вохӯрӣ дар Сарраёсати мубориза бо маводди мухаддир

 

26 феврали соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли сарраёсати мубориза бо маводи мухаддири назди Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар Рошид ал-Каъбӣ баргузор шуд.

Бо дарназардошти мувофақаҳое, ки дар сатҳи олии ду кишвар моҳи июни соли 2023 дар Душанбе ва моҳи январи соли 2024 дар Давҳа ҳосил шуданд, ҷонибҳо роҳҳои густаришу тақвияти ҳамкории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мубориза бо маводи мухаддири назди Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатарро баррасӣ намуданд. Дар ин замина бар зарурати таҳияи санади ҳамкории байниидоравӣ ва Барномаи амали муштарак дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ таъкид шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар самти мазкур табодули назар карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad