Нишасти 3-юми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

Нишасти 3-юми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

30 апрели соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа нишасти 3-юми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар нишасти мазкур ба ҳадафи татбиқи минбаъдаи “Эъломияи Душанбе” масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳои узви Форум дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, энергетикаи сабз ва барқароршаванда, муҳити зист ва об, саноат, кишоварзӣ, саёҳат ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштироккунандагони Форум ҳамчунин атрофи роҳҳо ва абзорҳои ҳалли қазияҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва мубориза алайҳи чолишҳои амнияти замони муосир табодули назар карданд.

Нишасти дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad