Мулоқоти Сафир бо Раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи инсони Қатар
Санаи 19 апрели соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи инсони Давлати Қатар хонум Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Атийя баргузор гардид.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои соҳавӣ, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо, вазъи ҳуқуқи инсон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташкили давраҳои бозомӯзии кадрҳо баррасӣ гардид.
Дар ин замина, ба табодули сафарҳои соҳавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






