Мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол




Дар доираи чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, санаи 29 майи соли 2026 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар мусобиқаи варзишии футболро бо иштироки васеи шаҳрвандони тоҷики муқими Қатар ташкил намуд.
Мусобиқаи футбол байни ҳамватанон ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва муаррифии ҷавонони фаъоли тоҷик баргузор гардид ва дар он шаҳрвандони тоҷики муқими Қатар, аз ҷумла донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун ва кормандони Сафорат ширкат варзида, бо муҳаббат ба ватану варзиш бозии ҷолиб нишон доданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






