Таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар




Санаи 24 майи соли 2026 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо иштироки васеи шаҳрвандони тоҷики муқими Қатар чорабинии фарҳангию варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ №A/RES/78/281 қабул гардидааст, баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ доир гардида, бо сухани табрикии сафири Тоҷикистон дар Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ идома ёфт. Сафир нақши созандаи ҷавонони тоҷик ва пайравии онҳоро аз ташаббусу сиёсатҳои намунавии Роҳбарияти Олии кишвар дар рушди Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






