Мулоқоти сафир бо директори генералии Фонди Қатар доир ба рушд

24 августи соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии Фонди Қатар доир ба рушд Фаҳад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, инчунин имкониятҳо ва иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди энергияи сабзро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои рушд дар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






