Мулоқоти сафир бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Қатар


27 августи соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии навтаъйини Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Қатар Муҳаммад Алӣ Ал-Қоид доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори ду кишвар дар доираи санадҳои баимзорасидаи дуҷониба баррасӣ шуданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






