Мулоқоти Сафир бо Раиси Суди сармоягузорӣ ва тиҷоратии Қатар

21 сентябри соли 2026 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Раиси Суди сармоягузорӣ ва тиҷоратии Давлати Қатар Холид Алӣ Ал-Убайдли мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи судӣ ва ҳуқуқии вобаста ба сармоягузорӣ ва тиҷорат, инчунин роҳҳои густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои дахлдори ду кишварро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими бештари робитаҳои судӣ ва ҳуқуқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






