Шукуҳи 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Давҳа
24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазирон ва дигар намояндагони расмии Давлати Қатар, сафирон, аъзои корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи соҳибкорӣ, фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма ва тоҷикони муқими Қатар иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ зимни суханронии табрикӣ вобаста ба дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ иттилоъдода, нақши таърихӣ, сиёсати созанда ва талошҳоибеназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, рушди устувори кишвар ва болоравии мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ махсус таъкид намуд. Ҳамзамон, рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстонаю бародарона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар зикр гардид.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои шоистаи кишвар танзим гардида, намоиши васеи фарҳангию таърихӣ, ки таърих, фарҳанг, ҳунарҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро инъикос менамуд, баргузор карда шуд.
















