Мулоқот бо директори генералии ширкати “Диёри Қатар”


28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори генералии ширкати “Диёри Қатар” Шайх Ҳамад ибни Талол Оли Сонӣ доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар тавассути ҷалби сармоягузориҳои ширкати мазкур ба татбиқи лоиҳаи бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе”, бахусус оғози сохтмони марҳилаҳои 3 ва 4 ва инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ дар бунёди як қатор иншооти муҳими дигар дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/TajikistanEmbassytoQatar
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/tajemtoqatar






