Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар оид ба мубориза бо терроризм
16 майи 2019 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ ибни Моҷид ал-Қаҳтонӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар ва масъалаҳои татбиқи санадҳоеро, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф имзо шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.