Таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатар
Дар партави иҷрои дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва мувофиқаҳое, ки дар рафти сафари давлатии Амири Қатар ба Душанбе ҳосил шуданд, рӯзи 25 июни соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти кории раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Аҳмад Тавор ал-Куворӣ баргузор шуд. Дар музокирот ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ҳузур дошт.
Ҷонибҳо роҳҳои тақвияту густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, сармоягузориҳо, содироту воридот ва дар ин замина эҷоди абзорҳои самараноки ҳамкории мутақобилан судманди бахши хусусии ду кишварро баррасӣ карданд.
Аз натиҷаи мулоқот ва ба мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои тиҷоратӣ Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қатар дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон ба имзо расид.